"Истаравшан" ғолиби чемпионати вилояти Суғд гардид
Дар "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоӣ чемпионати вилоят оид ба футзал байни дастаҳои "Истаравшан" ва "Беморхонаи Кӯдакона" доир гардид.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи дастаи шаҳри Истаравшан ба анҷом расид ва дастаи "Истаравшан" қаҳрамони вилоят оид ба футзал дар мавсими 2025-2026 гардид.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи "Имон Интернешнл" дар муқобили "Эсхата" ба майдон баромаданд вақти асосӣ мусовӣ 4:4 ба поён расид ва пас аз задани зарбаҳои пеналтӣ бо натиҷаи 6:5 бозигарони "Имон Интернешнл" пирӯз гардида, соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Дар маросимӣ ҷоизасупорӣ муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилоят Илҳомҷон Аҳмадов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовини Раиси ФФС Рустам Марофиев, сардори шуъбаи футзали ФФС Абдумалик Гафоров, директорӣ техникии ФФС Асрорҷон Шораҷабов ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода иштирок намуда ба ғолибон Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Беҳтаринҳои мусобиқа – дарвозабони "Истаравшан" - Ғафуров Бахтовар, муҳофизатгари "Имон Интернешнл" - Муминов Исмоилҷон, ниммуҳофизатгари "Беморхонаи Кӯдакона" - Ахмедов Мубин, нишонзан аз тими “Истаравшан”- Расулов Ҳусейн ва бозингари беҳтарин аз “Истаравшан” - Иноятов Сироҷ эътироф шуданд.