Истеъфои Марчелло Липпи баъди бохти мунтахаби Чин

Истеъфои Марчелло Липпи баъди бохти мунтахаби Чин

Сармураббии тими мунтахаби Чин, Марчелло Липпи баъди бохти мунтахаби Чин аз Сурия бо ҳисоби 1:2 аз вазифаи худ истеъфо доданашро эълон кард. Бозии мазкур, дар доираи рақобатҳо барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон – 2022, ки дар Қатар баргузор мегардад, доир гардид. Худи Марчелло Липпи дар нишасти хабарнигорон баъд аз анҷоми бозӣ чунин эълом кард:

“Медонам, ки маоши ман баланд аст, бениҳоят баланд. Мефаҳмам, ки ҳама масъулиятро ман бояд ба дӯш гирам. Аз имрӯз дигар ман сармураббии тими мунтахаби Чин нестам. Ба ҳама изҳори ташаккур менамоям!”

Хотиррасон менамоем, ки мутахассиси 71-солаи итолёвӣ, тими мунтахаби Чинро аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб тамрин медиҳад. Дар моҳи январи ҳамин сол ҳам, Липпи аз вазифаи худ истеъфо дода буд, аммо боз дар моҳи май баргашт.

Дар марҳалаи интихобии ҶҶ-2022, тими мунтахаби Чин аз Сурия, ки дар садри гурӯҳи А қарор дорад, бо фарқияти 5 имтиёз дар ҷойи дуюм истода, бо тими Филиппин ҳар ду 7 имтиёзӣ дошта, бо бартарии тӯбҳо Чин болотар истодааст.

Таҳияи Раҳимов Орзу