“Истиқлол” 1000-ум голи худро дар Лигаи олӣ ба самар расонд!

“Истиқлол”  1000-ум голи худро дар Лигаи олӣ ба самар расонд!

Дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бо тими «Барқчӣ» (9:1) «Истиқлол» ба задани голи 1000-уми худ дар Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон даст ёфт.

Муаллифи голи ҷашнӣ Эҳсони Панҷшанбе гардид, ки дар дақиқаи 21-ум тубро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. Барои ба даст овардани ин натиҷа, ба дастаи пойтахт лозим омад, ки 347 бозиро анҷом диҳад. Пас аз анҷоми бозӣ шарики даста ширкати «Ориё» Эҳсонро бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло "Истиқлол" бо 27 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад. Бозии навбатии "Истиқлол" дар Лигаи олӣ муқобили "Равшан" ва бозии "Барқчӣ" муқобили КМВА мебошад.