«Истиқлол» ахиран дар мавсими ҷорӣ «Равшан»-ро мувоҷеҳи шикаст намуд
Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ба ҳайси қаҳрамони мавсими ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе муқобили дастаи «Равшан» аз шаҳри Кӯлоб дар бозии мавқуфмонда бо ҳисоби ду бар сифр пирӯзӣ ба даст овард.
Голҳои меҳмононро ҳамлаварон Сенин Себай дар дақиқаи 17-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 28-ум ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду бозии қаблии мавсими ҷорӣ намояндаи ҷануби мамлакат душанбегиҳоро шикаст дода буд.