«Истиқлол» бо ҷоми қаҳрамонии Лигаи олӣ сарфароз шуд

«Истиқлол» бо ҷоми қаҳрамонии Лигаи олӣ сарфароз шуд

Футболбозони «Истиқлол»-и Душанбе, ки пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Тоҷикистон шуданд, бо ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз гардиданд. Пас аз анҷоми бозии даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Файзканд» (5:0) футболбозон ва мураббиёни бошгоҳи Душанбе бо медалҳои тилло ва Ҷоми қаҳрамонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супурдани медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба дастаи “Истиқлол” Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат намуданд.