«Истиқлол» чанд бозингари нав харид!

«Истиқлол»  чанд бозингари нав харид!

Дастаи футзали “Истиқлол”, ки ба оғози сабқати Лигаи касбии футзали Тоҷикистон омодагӣ мегирад, барои мустаҳкам намудани ҳайати худ чанд бозингари навро ба даста даъват намуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ иттилоъ   медиҳад.

Даста бо ҳашт бозигари нав шартнома баст, ки яке аз онҳо бозингари эронӣ мебошад.

Ба сафи дастаи футзали «Истиқлол» шомил шуданд:

Дарвозабонҳо - Фирӯз Бекмуродов, ки қаблан дар дастаҳои «ДИСИ Инвест», «Соро компания», «Сипар», «Олға» ва «Фарватер» (ҳарду аз Қирғизистон) ҳунарнамоӣ намудааст,  ва Самариддин Шамсов собиқ бозингари дастаҳои «Бонки миллӣ» ва «Бухоро-27».

Ҳамчунин дар мавсими имсола ба пероҳанҳои “Истиқлол” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард:

Рустам Ҳамидов (“Сан Сити”, Қирғизистон, «Окжетпес”, Қазоқистон, “Сипар”)

Шохрух Хамидов - («ДИСИ Инвест», «Красная гвардия», Русия, «Сипар»)

Комрон Алиев – ("Сипар ССШОР", "Соро компания")

Фаридун Неъматов – «Карон», «Помир»,  «Соро компания»

Тоҳир Абдуллоев - (МФК «Суходеле», МФК «Тюмен», Русия)

Дашан Саман Носир (Эрон) — «Мес Сунгун», «Сепаҳон», Эрон).