“Истиқлол” дар оғози Лигаи даъвати КФО аз “Наҷмеҳ” мағлуб шуд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин бозии худ дар гурӯҳи «B»-и Лигаи даъвати КФО-2026/27 аз тими «Наҷмеҳ»-и Лубнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гардид. Ягона голи бозиро Иброҳим Гбадомоси дар дақиқаи 21-ум ба самар расонд. Ӯ аз иштибоҳи ҳамоҳангии дарвозабон Денис Кавлинов ва ҳимоятгар Алиҷон Кароматуллозода истифода бурда, тӯбро ба дарвозаи холӣ равон кард.
«Истиқлол», ки соли 2012 қаҳрамони мусобиқаҳои Осиё шуда буд, аз оғози вохӯрӣ бартарии бозӣ ва соҳибияти тӯбро дар ихтиёр дошт. Дар дақиқаи 13-ум нимҳимоятгар Алишер Шукуров имкони хуби голзаниро истифода бурда натавонист ва аз канори ҷаримагоҳ зарба зада, ки тӯб аз болои дарвоза аз майдон берун шуд.
Пас аз голи задашуда футболбозони «Истиқлол» барои барқарор кардани баробарӣ талошҳои зиёд карданд. Алексей Шебетун, Алишер Шукуров ва Амирбек Ҷӯрабоев имкониятҳои хуби голзаниро истифода бурда натавонистанд. Шукуров ҳатто дар охири қисми аввал чандин маротиба ҳадафро пайдо накард.
Дар оғози қисми дуюм ҳамлаҳои дастаи шаҳри Душанбе идома ёфтанд. Дарвозабони «Наҷмеҳ» Мустафо Матар дар дақиқаи 47-ум зарбаи наздики Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 57-ум зарбаи бо сар иҷрошудаи Амирбек Ҷӯрабоевро бартараф кард.
Дар дақиқаи 61-ум Кевин Лассо метавонист бартарии дастаи Лубнонро зиёд кунад, аммо зарбаи ғайричашмдошти ӯро дарвозабон Кавлинов бартараф намуд.
«Истиқлол» то охири бозӣ ҳамлаҳоро идома дод. Дар дақиқаи 72-юм зарбаи сахти Фране Икичро Матар баргардонд. Пас аз чанд лаҳза Ҷӯрабоев низ аз берун аз ҷаримагоҳ зарба зад, аммо тӯб аз болои дарвоза гузашт.
Бо вуҷуди бартарии бозӣ ва имкониятҳои зиёди голзанӣ, «Истиқлол» натавонист ҳисобро баробар кунад ва рақобат бо пирӯзии 1:0-и «Наҷмеҳ» анҷом ёфт.
Дар даври дуюм, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, «Наҷмеҳ» бо намояндаи Сурия — «Ҳомс Ал-Фидоа» вомехӯрад. «Истиқлол» бошад, бо дастаи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт рақобат мекунад.