«Истиқлол» Лигаи Чемпионҳоро бо ба даст овардани имтиёз оғоз кард

«Истиқлол» Лигаи Чемпионҳоро бо ба даст овардани имтиёз оғоз кард

Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 бар зидди яке аз пурқувватарин тимҳои Осиё «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод. Вохӯрии бошгоҳҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз доир шуда, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Дар чунин мусобиқа ва бо чунин дастаи қаввӣ мусовӣ намудан кори осон нест. Дар ин дидор намояндаи Тоҷикистон тамоми кӯшишу талошашро ба харҷ дода, то аз беҳтарин дастаи АМА имтиёз ситонад. Хотиррасон мекунем, ки бозии дигари гурӯҳи “А” байни тиҳои «Ал-Ҳилол» -Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Акнун бачаҳои мо рӯзи 18-уми апрел дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон вомехӯрад.

Лигаи Чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилjл» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2