“Истиқлол” пас аз мусовӣ бо “Хатлон” тамринҳои барқарорсозӣ анҷом дод

“Истиқлол” пас аз мусовӣ бо “Хатлон” тамринҳои барқарорсозӣ анҷом дод

Пас аз бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон   бо дастаи «Хатлон» (1:1)  футболбозони  бошгоҳи «Истиқлол» тамрини барқарорсозиро дар варзишгоҳи  хонагии худ анҷом доданд.   Дар ин гуна тамринҳо зери роҳнамоии Виталий Левченко футболбозон машғулиятҳои дар наздашон гузошташударо  иҷро мекунанд.

Рузи якшанбе, 15 май, «Истиқлол» дар доираи даври 7-уми чемпинати қаҳрамонии кишвар дастаи «Хуҷанд»-ро дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қабул менамояд. Оғози бозӣ соати  - 18:00 дар назар аст. Ёдовар мешавем , ки чанд рӯз қабл душанбегиҳо дар шаҳри Турсунзода дар даври ниҳоии Суперҷоми кишвар “Хуҷанд”-ро бо натиҷаи минималии 1 бар 0 шикаст дода буданд.