“Истиқлол” пешсафи Лигаи Олӣ пас аз даври 17-ум

“Истиқлол” пешсафи  Лигаи Олӣ пас аз даври 17-ум

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расиданд. Дар ин давр дастаҳои “Ҳосилот”, “Эсхата”, “Истиқлол” ва “Равшан” музаффарият ба даст оварда, имтиёзҳои лозимаро соҳиб шуданд. Бозии “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” мусовӣ ба поён расид.

То анҷоми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ як даври дигар боқӣ мондааст, ки пас аз он ҳайати иштирокчиёни ду гурӯҳи марҳилаи ниҳоӣ муайян мешавад.

Аллакай «Истиқлол», «Куктош», «Равшан» ва «Эсхата» барои худ ҷойро дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи ниҳоӣ кафолат доданд. Боз як иштирокчии гурӯҳи якум баъди даври 18-ум муайян мегардад.

Дар ин давр дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор боз муқобили “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ зафар ёфт. Дастпарварони Амин Субҳонӣ бо ҳисоби 3 бар 1 дар ҳузури 6 000 нафар мухлис дар Фархор ғалаба карданд. Голҳоро аз ҳайати дастаҳо Азизбек Султонов, Нонга Франк Микаэдл, Сулаймон Собиров(х/г) ва Абдухалил Боронов ба самар расониданд. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ аз ҳайати “Ҳосилот” - Нонга Франк Микаэл дониста шуд.

“Эсхата” бо ягона голи Иброҳим Эшонхонов бар “Хатлон” ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури 1000 нафар мухлис доир гардида, Соҳибҷон Ҳакимов аз ҳайати “Эсхата” эътироф гардид.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар ин давр бар “Файзканд” бо ҳисоби 2 бар 1 дар сафар зафар ёфта, мавқеашро дар садри ҷадвал боз ҳам мустаҳкамтар кард. Голҳоро дар ин бозӣ Амадони Камолов, Содиқҷон Қурбонов ва Франсуа Энйеге ба самар расониданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Нефтянник”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳузури 850 нафар мухлис баргузор гардида, Содиқҷон Қурбонов аз ҳайати “Истиқлол” беҳтарин бозигари вохӯрӣ донист шуд.

Холмурод Назаров дар ин давр ғалабаи “Равшан”-ро бар КМВА таъмин кард. Вохӯрии дастаҳо дар “Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб” дар ҳузури 8 000 нафар мухлис доир гардида, Масрур Қиёмиддинов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар шаҳри Турсунзода бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” доир гардид. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Талко – Арена” дар ҳузури 2 000 нафар мухлис баргузор гардида, мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Голҳоро Фируз Қараев ва Азизбек Ҳаитов марбути номи хеш карданд. Азизбек Ҳаитов аз ҳайати “Хуҷанд” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Пас аз 17 даври мусобиқа ҳоло Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати «Истиқлол» бо 9 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот аст. Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Азизбек Султонов («Куктош») –8 гол , Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд») бо 7 голи дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа маскан гирифтаанд.


“Истиқлол” пас аз 17 даври мусобиқа ҳоло бо касби 36 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот аст. “Куктош” бо 29 имтиёз дар зинаи 2-юм, “Равшан” бо 28 имтиёз дар зинаи 3-юм мавқеъ гирифтаанд. “Хатлон” ва “Регар-ТадАЗ” бо 15 имтиёзӣ дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот маскан гирифтаанд.


Бозиҳои даври 18-уми Лигаи Олӣ:

17 август | 17:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

18 август | 17:00

«Куктош» – «Равшан»

19 август | 17:00

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

КМВА – «Эсхата»

«Файзканд» – «Ҳосилот»