“Истиқлол” ва “Равшан” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон ба ҳам меоянд

“Истиқлол”  ва “Равшан”  бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон ба ҳам меоянд

1-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб 32-юмин мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунанд. Бозӣ соати 14:00 оғоз мешавад.

Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» то имрӯз дар финал бо ҳам вонахӯрда буданд. Қаблан футболбозони «Истиқлол» 13 маротиба ба финал баромада, 9 бор ҷомро ба даст овардаанд.

Қаблан «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ду бор – солҳои 1994 ва 2020 соҳиби Ҷом шуда буд.


Ҳамаи финалҳои Ҷоми Тоҷикистон (1992-2023):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0 (пеналти 5:3)

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0 (пеналти 3:2)

1996/1997 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. (пеналти 4:2)

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 1:1 (пеналти 3:1)

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1 (пеналти 5:6)

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 6:5)

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. (пеналти 3:2)

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 4:2)

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. (пеналти 5:4)

2023 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – ???