“Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” соҳиби муҷаввизи Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 шуданд

“Истиқлол”  ва “Регар-ТадАЗ” соҳиби муҷаввизи Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти бошгоҳҳии мавсими нав ҳуқуқ доранд.

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 муҷаввиз гирифтанд. Агар дастаи шаҳри Душанбе ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад.

Ба дастаҳои мо дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё 2025/26 баромади муваффақона таманно дорем!