“Истиқлол” ва Забирадзе шартномаро тамдид накарданд

“Истиқлол” ва Забирадзе шартномаро тамдид накарданд

Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва сармураббии дастаи футзал Александр Забирадзе тасмим гирифтанд, ки шартномаи ба охир расидаро тамдид накунанд.

Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо Александр Забирадзе ва ёвари ӯ Ҳусеён Шодиев дастаро тарк намуданд.

Александр Забирадзе дар якҷоягӣ бо Ҳусейн Шодиев моҳи апрели соли 2023 дар дастаи футзали “Истиқлол” фаъолияти худро оғоз карда, дар ин муддат соҳиби унвони қаҳрамонӣ, Суперҷоми Тоҷикистон ва барандаи медалҳои нуқраи Суперлигаи футзал гардиданд.

“Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба Александр Забирадзе ва Ҳусейн Шодиев барои заҳматҳои пурсамарашон   изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд.”- омадааст, дар изҳороти тими “Истиқлол”.

Исми сармураббии нави тими футзали “Истиқлол” рӯзҳои наздик эълон карда мешавад.