Италия баъди пирӯзӣ бар Португалия қаҳрамони Евро-2023 гардид

Италия баъди пирӯзӣ бар Португалия қаҳрамони Евро-2023 гардид

Бозии финалии чемпионати Аврупо — 2023 миёни наврасони то 19-сола, ки мунтахабҳои Португалия ва Италияро ба ҳам овард, бо пирӯзии итолиявиҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Та-Кали» дар Малта бозӣ намуда, вохӯриро доварон бо сардории Свен Яблонски аз Олмон ҳакамӣ карданд.

Ҳарифони финалӣ аллакай дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам вохӯрданд. Дар он бозӣ мунтахаби Португалия бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯзӣ ба даст овард. Даста аз нимҷазираи Пиреней дар ҳамаи се бозии гурӯҳӣ ғолиб омада, бо задани нӯҳ гол танҳо як гол сар дод.

Дар бозии финалӣ итолиявиҳо ба шарофати зарбаи дақиқи дифоъгар Микаел Кайоде ҳисобро дар дақиқаи 19-ум кушоданд. То ҳуштаки ниҳоӣ дастаҳо дигар ба задани гол даст наёфтанд ва рақобат бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Италия ҷамъбаст гардид.

Маротибаи пешин «Скуадра Адзурра» расо 20 сол қаҳрамони Еврои наврасон пеш шуда буд. Он вақт низ итолиявиҳо португалиҳоро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуданд. Баъди ин комёбӣ даста се маротиба ба финали мусобиқа баромад, вале ягон маротиба пирӯз нашуда буд.

U19 ЧА-2023. Финал. 17-уми июли соли 2023, душанбе. 00:00 ДШБ

Португалия U19 0 : 1 Италия U19

0:1 Кайоде – 19'