Италия дар лаҳзаҳои охир Англияро шикаст дод

Италия дар лаҳзаҳои охир Англияро шикаст дод

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои то 20 сола дар Аргентина мунтахабҳои Англия   ва Италия  ба ҳам омаданд.

Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Марадона”-и шаҳри Ла Плата   дар ҳузури 12 832   нафар мухлис  баргузор шуда, бо ҳисоби 1  бар 2  ба суди италиявиҳо  анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати Англия – Алфи Девайн ва аз ҳайати Италия – Томаззо Балданзи бо Чезаре Казадеи ба  самар расониданд.

Бо ин ғалаба футболбозони то 20 солаи мунтахаби Италия   ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ  Италия  бо  Колумбия   бозӣ мекунад. Колумбия дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 муқобили Словакия зафар ёфта буд.