Иттифоқи табибони Ҷопон бар зидди баргузории Олимпиада

Иттифоқи табибони Ҷопон бар зидди баргузории  Олимпиада

Дар Ҷопон иттифоқи табибон ба таври расмӣ аз ҳукумат талаб карданд, ки Олимпиадаи Токиоро лағв кунад. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 14 май нашри NHK хабар дод. "Духтурон ва ҳамшираҳои шафқат, бинобар серкорӣ, дар чунин як масъалаи муҳим, ба монанди эмкунӣ, қариб ки иштирок намекунанд ва аз ин ҳам бештар даст ба ихтиёриёни худ дар Олимпиада намерасонанд", - иқтибос меорад нашри NHK аз суханони Наото Уэяма.

Қайд карда мешавад, ки муроҷиатнома дар бораи бекор кардани Бозиҳои олимпӣ бо сабаби пандемияи коронавирус беш аз 351 ҳазор овоз ба даст овард. Ҳуҷҷат ба ҳукумати Ҷопон ва инчунин ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва Кумитаи байналмилалии паралимпӣ фиристода шуд. Олимпиадаи Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирусӣ, чорабинӣ то 23 июл - 8 августи соли 2021 мавқуф гузошта шуд.