Кӯмаки бузурги Месси бар зидди бемории коронавирус

Кӯмаки бузурги Месси бар зидди бемории коронавирус

Сарвони дастаи "Барселона" Лионел Месси як миллион евро барои мубориза бар зидди бемории коронавирус кӯмак намуд. Як миллион еврои мазкур барои хариди таҷҳизоти аввалия ва ёрии аввалиндараҷа расонидан ба бемористони Hospital Clinic, ки дар шаҳри Барселона ҷойгир аст ва ҳамзамон ба бемористонҳои шаҳри Росариои Аргентина , ки худ зодаи ҳамин шаҳр аст, ҷудо карда шудааст.

Дар паёме, ки беморхонаи Hospital Clinic дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, омадааст: "Ташаккур ба ту, Лионел Месси барои дастгириат!!!" Ин беморхона барои омӯзиши аз байн бурдани коронавирус корҳо бурда истодааст.