Кӯмаки Роналду низ ба “МЮ” фоида накард

Кӯмаки Роналду низ ба “МЮ” фоида накард

Бозиҳои даври гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими солҳои 2021-2022 шурӯъ шуданд. Дар даври аввали мусобиқа дастаҳои "Манчестер Юнайтед"- и Англия ва "Янг Бойз"-и Шветсария, ки дар гурӯҳи "F" ҷойгиранд бо ҳам вохӯрданд.

Рақобати дастаҳо дар майдони "Стад де Сюисс"-и Шветсария доир шуда, бар нафъи мизбонон хатм ёфт. Голи аввали майдондорӣ дар дақиқаи 13-ум аз ҷониби ҳамлавари марказии “МЮ” Криштиану Роналду ба ҳадаф расид. Вале дар идома корти сурх гирифтани Унан Биссака дар дақиқаи 35 ба натиҷаи бозии “МЮ” таъсири бад расонд.

Дар қисмати дуюми бозӣ бозингарони "Янг Бойз" ташаббуси бозиро пурра ба худ гирифтанд. Бартарии комили онҳо буд, ки дар дақиқаҳои 66-ум бо голи Муми Нгамалё ва 90+5 бо голи Ҷордан Сибачо пешсаф шуданд ва ғалабаро дар ин дидор моли худ сохтанд.

Баъди даври аввал “Янг Бойз” сарнишини гурӯҳи мазкур аст. “МЮ” бошад бидуни имтиёз дар зинаи чорум