Кӯшиши дуюми "Истиқлол" дар Лигаи чемпионҳо

Кӯшиши дуюми "Истиқлол" дар Лигаи чемпионҳо

Имрӯз, 21-уми январ, чемпиони Тоҷикистон – бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври дуюми интихобии Лигаи Чемпионҳои Осиё бо дастаи “Локомотив”–и Тошканди Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Локомотив” дар Тошканд доир мегардад ва соати 15:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. 
Ин вохӯриро метавонед мустақим тариқи телевизиони “Варзиш” ва саҳифаи расмии он дар “Одноклассники” тамошо кунед. 


Лигаи чемпионҳои Осиё
Минтақаи Ғарбӣ
Даври дуюми интихобӣ
21-уми январ (сешанбе)
Оғоз - 15:00 ба вақти Тоҷикистон
«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Довари марказӣ: Ҳуссейн Або Яҳё (Лубнон).
Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»