Кадом даста дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бештар аз ҳама маблағ ба даст овард?

Кадом даста дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бештар аз ҳама маблағ  ба даст овард?

Бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» аз миёни иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо аз ҳама бештар маблағ  ба даст овардааст.

Тибқи маълумоти AS даромади бошгоҳи шаҳри Мадрид  дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои мавсими ҷорӣ 79,9 млн евроро ташкил дода, аз ин маблағ 15,6 млн евро барои  иштирок дар марҳилаи гурӯҳӣ ба даст омадааст.

«Реал» ғолиби ҳамаи 6 бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ гардид. Барои  ҳар пирӯзӣ барои бошгоҳи мазкур  ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2,8 млн евро   муқаррар шуда,  боз 9,8 млн еврои дигарро  барои   баромадан ба марҳилаи плей-офф дода шуд.  Боз 36,4 млн еврои иловагӣ даста  дар шакли иловапулиҳое, ки вобаста аз коэффисентҳои баромади бошгоҳӣ дар Лигаи чемпионҳо дар 10 соли охир тақсим мешаванд, ба даст меорад.

Дар зинаи дуюм аз рӯи ҳаҷми даромад «Бавария» (бо 76,6 млн евро) қарор дошта, дар зинаи 3-юм – «Манчестер Сити» (бо 76,5 млн евро) мебошад.

Топ-10 дастаҳо аз рӯи ҳаҷми даромад дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ:

1. «Реал Мадрид» – 79,89 млн евро

2. «Бавария» – 76,64 млн

3. «Манчестер Сити» – 76,48 млн

4. «Барселона» – 71,53 млн

5. «Атлетико» – 71,11 млн

6. «ПСЖ» – 63,89 млн

7. «Порту» – 63,57 млн

8. «Боруссия Дортмунд» – 63,52 млн

9. «Арсенал» – 63,36 млн

10. «Наполи» – 58,04 млн