Калеб Дрессел – барандаи нишони тиллои Бозиҳои олимпӣ

Калеб Дрессел – барандаи нишони тиллои Бозиҳои олимпӣ

Рақобатҳои шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо шиддат ҷарайён доранд. Дар риштаи шиноварӣ байни мардон дар масофаи 100м тарзи озод, касе ба варзишгарони амрикоӣ баробар шуда наметавонад. Дар ин намуди варзиш медали тиллоро Калеб Дрессели амрикоӣ бо гузоштани рекорди олимпӣ (47.02) ба даст овард. Медалҳои нуқра ва биринҷӣ насиби намояндаҳои Австралия ва Россия гардиданд. Ҳоло Амрико бо 13 нишони тилло, 13 нуқра ва 10 биринҷӣ дар зинаи дуюм қарор дорад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Шиноварӣ, мардҳо, 100м тарзи озод

Калеб Дрессел (ИМА), 47.02 - рекорди олимпӣ

Кайл Чалмерс (Австралия), 47.08

Климент Колесников (Россия), 47.44