Калинская ва Касаткина дар даҳгонаи қаҳрамонии WTA боқӣ мемонанд

Калинская ва Касаткина дар даҳгонаи қаҳрамонии  WTA боқӣ мемонанд

Теннисбози рус, 26-умин ракеткаи ҷаҳонӣ Анна Калинская дар миёни даҳгонаи қавитарини Ассосиасияи тенниси бонувон (WTA) боқӣ монд. Ин варзишгар дар раддабандии мазкур дар зинаи нӯҳум қарор дорад.

Бидуни тағйиро ҳамчунин мавқеи 11-умин ракеткаи ҷаҳонӣ Даря Касаткина боқӣ монд, ки акнун дар зинаи даҳуми раддабандӣ ҷойгузин аст.

Бар замми ин сегонаи беҳтарин теннисбозони олам низ мавқеи хешро дигар накарданд.

Пойгаи қаҳрамонии WTA, 15-уми апрел:

1 (1). Ига Свёнтек (Полша) — 3140 хол.

2 (2). Елена Рибакина (Қазоқистон) — 2693.

3 (3). Арина Соболенко (Белоруссия) — 2520.

4 (4). Даниэл Коллинз (ИМА) — 2022.

5 (5). Чжэн Синвэн (Чин) — 1785.

6 (6). Кори Гауфф (ИМА) — 1765.

7 (7). Елена Остапенко (Латвия) – 1553.

8 (8). Ясмине Паолини (Италия) — 1472.

9 (9). Анна Калинская (Россия) — 1422.

10 (10). Даря Касаткина (Россия) — 1358.

26 (26). Анастасия Потапова (Россия) — 636.