Камбэки фантастикии ПСЖ ба афсонаи «Аталанта» хотима бахшид

Камбэки фантастикии ПСЖ  ба афсонаи «Аталанта» хотима бахшид

Дар бозии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои «Аталанта» ва «Пари Сен-Жермен» дидор анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Да Луш»-и шаҳри Лиссабон доир шуда, бо натиҷаи 2:1 ба суди парижиҳо хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 26-уми майдондорӣ - Марио Пашалич ҳисобро боз кард. Ҳамин натиҷа то нафасҳои охири бозӣ ба фоидаи «Аталанта» буд, аммо дастаи итолиёвӣ танҳо то нафасҳои охири дидор фишор оварду халос. Дар дақиқаҳои 90 ва 90+3 Маркинюс ва Эрик Шупо-Мотинг голҳоро ба нишон расониданд. Ҳамин тавр афсонаи «Аталанта» дар Лигаи Чемпионҳо хотима ёфт. ПСЖ бошад, бо камбеки фантастикиаш роҳ пеш гирифт сӯи даври нимниҳоӣ. Акнун парижиҳо дар даври ½ ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти “РБ Лейпсиг” ва “Атлетико” рақобат мекунанд.

Лигаи Чемпионҳо. Даври ¼ ниҳоӣ

«Аталанта» (Италия) — «ПСЖ» (Фаронса) — 1:2 (1:0)

Голҳо: Пашалич, 27 (1:0). Шупо-Мотинг, 90 (1:1). Маркиньюс, 90 (1:2).

«Аталанта» (Бергамо): Спортйелло, Хатебур, Толой, Калдара, Ҷимсити (Паломино, 60), Гозенс (Кастан, 82), де Рон, Пашалич (Муриэл, 70), Фройлер, Гомес (Малиновский, 59), Сапата (Да Рива, 82).

«ПСЖ» (Париж): Навас (Рико, 79), Тиагу Силва, Бернат, Маркинюс, Кимпембе, Керер, Эррера (Паредес, 72), Гей (Дракслер, 73), Сарабия (Мбаппе, 60), Неймар, Икарди (Шупо-Мотинг, 80).