Камбэки “Регар-ТадАЗ” дар бозӣ муқобили "Гоа"-и Ҳиндустон

Камбэки “Регар-ТадАЗ” дар бозӣ муқобили "Гоа"-и Ҳиндустон

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар нахустин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 бар тими «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Вохӯрии дастаҳо дар гурӯҳи «С» дар варзишгоҳи «Муҳаммад Ал-Ҳамад»-и шаҳри Ҳаваллии Кувайт баргузор гардид.

Ҳисобро футболбозони «Гоа» аллакай дар дақиқаи 8-уми бозӣ тавассути Чикии испанӣ кушоданд. Пас аз ин «Регар-ТадАЗ» барои барқарор кардани баробарӣ талош кард, аммо голи ҷавобӣ танҳо дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ ба самар расид.

Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» Фаридун Давлатов гардид. Ӯ дар дақиқаи 81-ум аз захира ба ҷои Мартин Ассомо вориди майдон шуд ва дар дақиқаи 85-ум ҳисобро баробар карда, ҳамагӣ панҷ дақиқа пас, дар дақиқаи 90-ум, голи дуюми худро ба самар расонд ва ғалабаи дастаи «Регар-ТадАЗ» -ро таъмин намуд.

Ҳамин тавр, «Регар-ТадАЗ» мусобиқаро бо пирӯзии муҳим оғоз карда, дар нахустин бозии гурӯҳӣ се имтиёз ба даст овард. Дубл аз ҷониби Фаридун Давлатов ба дастаи Тоҷикистон имкон дод, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи бозӣ натиҷаро ба фоидаи худ тағйир диҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми мусобиқа «Регар-ТадАЗ» рӯзи 20-уми октябр бо дастаи мизбон - «Ал-Қадсия»-и Кувайт андари майдони рақобат мешавад.