Камрин Роҷерс аввалин унвони ҷаҳонии гурзандозиро ба даст овард

Камрин Роҷерс аввалин унвони ҷаҳонии гурзандозиро ба даст овард

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Будапешти Маҷористон давом дорад, мусобиқаи гурзпартоӣ байни занон ба охир расид. Камрин Роҷерс аз Канада бо натиҷаи 77,22 метр бо беҳтарин кӯшиши худ медали тилло гирифт.

Роҷерси 24-сола бори аввал барандаи тиллои Қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Як сол пеш ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқа шуда буд. Дар соли 2018, Роҷерс ғолиби Қаҳрамонии ҷаҳон миёни варзишгарони то 20-сола шуда буд.

Нишони нуқраро Ҷани Кассанавоиди амрикоӣ (76,36), биринҷиро ҳамватанаш Дианна Прайс (75,41) ишғол карданд.

Варзиши сабук. Чемпионати  ҷаҳон. Будапешт -2023,

Занҳо. Гурзпартоӣ

1. Камрин Роҷерс (Канада) – 77,22 м.

2. Ҷани Кассанавойд (ИМА) – 76,36 м.

3. Дианна Прайс (ИМА) — 75,41 м.