Канада маротибаи 28-ум қаҳрамони ҷаҳон шуд

Канада маротибаи 28-ум қаҳрамони ҷаҳон шуд

Дар варзишгоҳи «Тампере Дек»-и шаҳри Тампереи Финляндия финали  Ҷоми ҷаҳонии соли 2023 оид ба хоккей миёни мунтахабҳои  Канада  ва Олмон  доир шуд. Дар ин бозӣ чавгонбозони Канада бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили Олмон зафар ёфтанд.

 Дар ҳайати мунтахаби Канада -  Самуэл Блез (дубл), Лоусон Кроуз, Тайлер Тоффоли ва Скотт Лоутонро голҳоро дар ин вохӯрӣ ба самар расониданд. Голҳои мунтахаби Олмонро Ҷон-Ҷейсон Петерка ва Даниэл Фишбух заданд.

Ҳамин тавр, дастаи Канада бори 28-ум қаҳрамони ҷаҳон оид ба хоккей гардид. Ҳамчунин, канадагиҳо дар мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонии хоккей  16 медали нуқра ва 9 биринҷӣ доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм мунтахабҳои ИМА ва Латвия ба ҳам омаданд. Он ҷо бозӣ бо ҳисоби 4 бар 3 ба нафъи латвиягиҳо анҷом ёфт. Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Латвия барои аввалин бор дар таърихи худ медалҳои биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.