Каннаваро аз будани"хабаркаш" дар тими миллии Ӯзбекистон шикоят кард
Сармураббии тими миллии футболи Ӯзбекистон Фабио Каннаваро изҳор дошт, ки дар тими миллӣ шахсе буд, ки дар бораи ҳайати мураббиён маълумоти бардурӯғ паҳн мекард. Дар Ҷоми ҷаҳон-2026 тими миллии Ӯзбекистон дар марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дод ва се маротиба мағлуб шуд - аз Португалия (0-5), Колумбия (1-3) ва Ҷумҳурии Демократии Конго (1-3).
"Касе маълумоти бардурӯғ аз ҳад зиёд паҳн мекард. Шояд аз он сабаб, ки ман мураббии хориҷӣ ҳастам. Қоидаҳое, ки мо риоя кардем, офаридаи ман набуданд - онҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ мебошанд. То ҳол намефаҳмам, ки чаро ин қадар маълумоти бардурӯғ паҳн шудааст. Сармураббии қаблӣ мутахассиси маҳаллии хубе буд, ки ба натиҷаҳои олӣ ноил шуд. Аммо ин наметавонад сабаби интиқоди доимии ман бошад. Маҷбур шудам, ки ин масъаларо равшан кунам. Фикр мекунам, ки маълумоти нодуруст ин қадар зиёд буд, зеро дар дохили тими миллӣ як хабаркаше буд", - иқтибос меорад UzDaily аз суханони Каннаваро.