Карен Хачанов ба даври чорякниҳоии Australian Open роҳхат гирифт

Карен Хачанов ба даври чорякниҳоии Australian Open роҳхат гирифт

15-умин ракеткаи ҷаҳон Карен Хачанов ба даври чорякниҳоии сабқати тениси Australian Open – 2024 дар шаҳри Мелбурни Австралия роҳ ёфт.

Дар бозии даври сеюм теннисбози россиягӣ бо ҳисоби 6:4, 7:6 (7:4), 4:6, 7:6 (7:5) бар 75-умин ракеткаи ҷаҳон Томаш Махачи чехӣ зафар ёфт. Вохӯрии теннисбозон 3 соату 12 дақиқа идома ёфт. Хачанов 17 эйс намуд, панҷ иштибоҳи дуболо кард ва ду брейк-пойнт аз серо амалӣ сохт. Дар ҳисоби Махач бошад 17 эйс ва панҷ иштибоҳи дуболо ва ҳамчунин 2 брейк-пойнти амалишуда аз 19 мебошад.

Дар даври навбатӣ Хачанов бо ракеткаи чоруми ҷаҳон Янник Синнер рақобат мекунад.

Сабқати Australian Open дар Мелбурн аз 14-ум то 27-уми январ идома ёфта, маблағи ҷоизавии он 58,128 млн долларро ташкил медиҳад. Соли қаблӣ Новак Ҷокович бо пирӯзӣ нисбати Стефанос Ситсипас дар финал бо ҳисоби 6:3, 7:6 (7:4), 7:6 (7:5) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Australian Open (м). Даври 3-юм

19-уми январи соли 2024, ҷумъа. 05:10 ДШБ

Томаш Махач (Чехия) 1 : 3 Карен Хачанов (Россия)