Карим Бензема бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол” шартнома имзо кард

Карим Бензема бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол” шартнома имзо кард

Ҳамлагари фаронсавӣ Карим Бензема бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ шартнома ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуотии клуб хабар медиҳад.

Маблағи гузариш 25 миллион евро буда, шартнома то тобистони соли 2027 ба имзо расид.

Аз соли 2023 Бензема дар ҳайати “Ал-Иттиҳод” бозӣ мекард ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста қаҳрамони Арабистони Саудӣ гардид. Рӯзи 29-уми январ рӯзномаи фаронсавии L'Equipe хабар дод, ки Бензема аз бозӣ дар ҳайати “Ал-Иттиҳод” даст кашидааст, зеро клуб ба ӯ шартнома бо музди камкардашударо пешниҳод намудааст.

Қаблан, Карим Бензема дар бошгоҳҳои испании “Реал Мадрид” ва фаронсавии “Лион” ҳунарнамоӣ кардааст. Бензема дар ҳайати бошгоҳи “Реал Мадрид” чор маротиба қаҳрамони Испания, се маротиба барандаи Ҷоми Испания ва панҷ маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардидааст. Соли 2022 Бензема соҳиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шуд. Ӯ дар ҳайати “Реал Мадрид” 648 бозӣ анҷом дода, 354 гол ба самар расондааст ва дар рӯйхати беҳтарин нишонзанони таърихи клуб ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Дар ҳайати мунтахаби Фаронса Бензема аз соли 2007 то 2022 бозӣ карда, 97 бозӣ анҷом додааст ва 37 гол задааст. Соли 2021 ӯ ҳамроҳ бо тими мунтахаби Фаронса ғолиби Лигаи миллатҳо гардид.