Карлос Алкарас дар мусобиқаи ATP-500 дар Токио осеб бардошт
Ғолиби шашкаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”, ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози испанӣ Карлос Алкарас ба сабаби дарди буғуми пои худ машқро дар мусобиқаи ATP-500 дар Токиои Ҷопон аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки теннисбози испанӣ дар ҷараёни бозии даври аввал бо аргентинӣ Себастян Баэс афтода, пойи худро захмӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, ӯ бо ҳисоби 6:4, 6:2 пирӯзии мутмаин ба даст оварда, ба даври дуюм роҳ ёфт.
Ба иттилои Marca, Алкарас тасмим гирифтааст, ки ба худ як рӯзи истироҳат диҳад то худро барқарор намояд.
Бозии Карлос Алкарас дар даври дуюми мусобиқаи Токио рӯзи шанбе, 27 –уми сентябр, баргузор мегардад. Рақиби ӯ теннисбози белгиягӣ Зизу Бергс хоҳад буд.