Карлсен бо пирӯзӣ бар Накамура қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ гардид

Карлсен бо пирӯзӣ бар Накамура қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ гардид

Шаби гузашта, финали чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ доир гардид. Дар бозии ҳалкунанда Магнус Карлсени норвегӣ бо Хикару Накамура аз Амрико вохӯрд.

Пирӯзӣ бо ҳисоби 13,5:12,5 насиби шоҳмотбози скандинавӣ шуд. Карлсен бо ҳамин пирӯзӣ се маротиба дар маснади варзишии хеш унвони қаҳрамонии ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозиро ба даст овард.

Бозии финалӣ барои Магнус осон паси сар нашуд. Нахуст ӯ ду холи аввалро молик шуд, аммо баъдан Накамура тавонист бо касби се хол соҳиби бартарӣ бигардад. Дар масири бозӣ шоҳмотбози норвегӣ ҳисобро баробар кард ва дигарбора дар ҳисоб нисбати рақиб афзалият пайдо кард. Дар даври ҳалкунанда Хикару баробаркунии ҳисобро дар даст дошт, аммо иштибоҳ намуд ва ахиран дар финал шикаст хӯрд.

Магнус Карлсен — қаҳрамони ҷаҳонии шоҳмот аз рӯи се категория мебошад: аз соли 2013 то 2023 — қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмоти классикӣ; солҳои 2014—2016, 2019, 2022 — қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмоти рапид; солҳои 2014—2015, 2017—2019, 2022 — қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмоти барқвор.