Карлсен пирӯзияшро дар Ҷоми ҷаҳонии ФИДЕ шарҳ дод

Карлсен пирӯзияшро дар Ҷоми ҷаҳонии ФИДЕ шарҳ дод

Қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмот аз кишвари Норвегия Магнус Карлсен пирӯзияш дар финали Ҷоми ҷаҳонии ФИДЕ-ро шарҳ дод. Дар бозии финалии сабқати шаҳри Бокуи Озарбойҷон Карлсен Рамешбабу Прагнанадха аз Ҳиндустонро дар тай-брейк шикаст дод.

"Нақшаҳо баҳри иштирок дар сабқатҳои бузург барои имсол надоштам. Танҳо дар фурсатҳои охирин худро сабти ном намудам.

Эҳтимолан ин қарор эҳсосотӣ буд. Онро баъди мусобиқа дар Норвегия қабул намудам. Дар шоҳмоти маъмулӣ он қадар бад бозӣ намудам ва намехостам, ки чунин эҳсоси нохушоянд бо ман бимонад. Акнун кулли чиз сипарӣ шуд ва ман метавонам роҳат намоям", - Chess24 суханони Карлсенро иқтибос меорад.