Карвахал таманнои онро кард, ки Мбаппе дар Евро – 2024 ноком шавад

Карвахал таманнои онро кард, ки Мбаппе дар Евро – 2024 ноком шавад

Ҳимоятгари тими “Реал” ва мунтахаби Испания Дани Карвахал дар бораи гузаштани Килиан Мбаппе ба бошгоҳи шаҳри Мадрид сӯҳбат карда, ба таври нимшӯхиву нимҷиддӣ ироа намуд, ки намехоҳад то форварди фаронсавӣ дар Евро-2024 муваффақ шавад.

“Мбаппе? Чӣ гуфта метавонам, бозигари беҳтарини ҷаҳон! Футболбозони беҳтарин бояд дар ҳайати беҳтаринҳо бозӣ кунанд. Ман ба ӯ Чемпионати Аврупоро бемуваффақият таманно дорам, аммо шурӯъ аз моҳи август ба муваффақият таманно мекунам”, гуфт Карвахал дар мусоҳиба бо Marca.

Ёдовар мешавем, ки дастаи миллии Испания дар Евро-2024 дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад. Рақибони онҳо Хорватия (15 июн), Италия (20 июн) ва Албания (24 июн) хоҳанд буд.