Каспер Рууд ба даври чаҳорякниҳоии ATP Gonet Geneva Open баромад!

Каспер Рууд ба даври чаҳорякниҳоии ATP Gonet Geneva Open баромад!

Ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон Каспер Руд аз Норвегия  дар бозии даври дуюми мусобиқаи категорияи ATP-250 дар Женева (Швейтсария) бар теннисбози амрикоӣ Ҷеффри Ҷон Вулф (ракеткаи 49-уми ҷаҳон) пирӯз шуд.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 20 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6:3, 7:5 ба суди Руди 24 сола анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври чаҳорякниҳоӣ Каспер Руд муқобили Николас Харрии 27 сола аз Чили сабқат мекунад. Сабқати теннисбозон имрӯз доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии мусобиқаи ATP Gonet Geneva Open 562 815 евроро ташкил медиҳад.