Кавани Мессиро ба ҷанг даъват кард

Кавани Мессиро ба ҷанг даъват кард

Дар ҷараёни бозии рафиқона миёни мунтахабҳои Уругвай ва Аргентина, ки 18-уми ноябр дар шаҳри Тел-Авиви Исроил сурат гирифт миёни ҳамлагари дастаи Уругвай Эдинсон Кавани ва сарвони “албиселесте” Лионел Месси низоъ бархост. Дар ин бора “Ole” хабар медиҳад. Тибқи хабаргузории ин сомона дар рафти бозӣ миёни бозигарон низоъ бархост, ки дар ҷараёни он Кавани ба Месси пешниҳоди ҷанг кард. Лионел дар ҷавоб гуфт: “Кай мехоҳӣ?”

Бо дахолати ҳамдастаҳояшон низои байни онҳо бартараф шуд. Дар ниҳоят Кавани ва Месси бо ҳам созиш карда бозиро идома доданд.