Келлини миёни Месси ва Роналду якеро интихоб кард
Ҳимоятгари собиқи «Ювентус» Ҷорҷо Келлини байни ду устураи футболи ҷаҳон - Лионел Месси ва Криштиану Роналду якеро интихоб кард. Келлини инчунин дар бораи ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки бо ӯ дар бошгоҳи шаҳри Турин бозӣ кардааст, васф намуд.
"Ман аниқ гуфта наметавонем, ки Кӣ беҳтар аст - Месси ё Криштиану. Аммо агар ман интихоб кунам, он ҳам Роналду аст.
Роналду, вақте ки даста мағлуб мешавад, новобаста аз он, кӯшиш мекунад, ки ғалаба кунад. Ӯ аз ҳар мавқеият гол зада ғалабаи дастаашро таъмин мекунад. Ин барои бозигарони дигар душвор аст. Ман бо Криштиану бозӣ карданро дӯст медоштам, зеро тамошои кори ҳаррӯзаи ӯ бениҳоят аҷиб аст ”гуфт Келлини аз суханони TalkSport.
Ёдовар мешавем, ки Месси ҳоло дар “Интер Майами”-и Амрико ва Роналду дар “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд.