Кэти Ледеки дар шиноварӣ ба худ ҳамто надорад

Кэти Ледеки дар шиноварӣ ба худ ҳамто надорад

Рақобатҳо дар масофаи 1500 метр дар навъи шиноварии тарзи озод барои дарёфти медалҳои Бозиҳои олимпии Токио сурат гирифтанд. Дар ин масофа медалҳои тилло ва нукраро варзишгарони амрикоӣ соҳиб шуданд. Шиновари машҳури амрикоӣ қаҳрамони 5 каратаи Бозиҳои олимпӣ ва 15 каратаи ҷаҳон Кэти Ледеки дар муддати 15:37.34 сония аввалин шуда тай намуд. Дар мақоми дуюм ҳамватани ӯ Ерика Суливан қарор гирифт. Медали биринҷиро Сара Кёлер аз Олмон ба даст овард.

Бозиҳои олимпии Токио-2020

Шиноварӣ, бонувон, 1500м тарзи озод

Кэти Ледеки (ИМА)

Ерика Суливан (ИМА)

Сара Кёлер (Олмон)