Кевин де Брюйне оиди гузариши эҳтимолияш ба Арабистони Саудӣ сухан кард

Нимҳимоягари "Манчестер Сити" Кевин Де Брюйне изҳор кард, ки омодаи гузариш ба чемпионати Арабистони Саудӣ мебошад. Ӯ дар ин бора чунин гуфт:
"Дар синни ман Шумо бояд ба ҳама пешниҳод розӣ бошед. Гап сари маблағи бениҳоят зиёде меравад, ки метавонед дар фарҷоми маснади варзишии худ ба даст оред. Баъзан шумо бояд дар бораи он фикр мекунед. Агар ман ду сол дар Арабистони Саудӣ бозӣ кунам, метавонам маблағи бениҳоят зиёде кор кунам. Эҳтимолан назар ба 15 соли пеш бештар пул кор мекунам.
Ёдовар мешавем, ки нимҳимоягари 32-солаи мунтахаби Белгия аз соли 2015 инҷониб дар сафи бошгоҳи англисии "Манчестер Сити" баромад мекунад.