Кевин Де Брюйне соли нав ба майдони футбол бармегардад

Кевин Де Брюйне соли нав ба майдони футбол бармегардад

Бошгоҳи “Манчестер Сити” интизор дорад, ки пешвои худ дар ояндаи наздик ба майдон бармегардад. Худи нимҳимоятгари даста Кевин Де Брюйне дар бораи бозгашташ ба майдони футбол ибрози назар кард.

"Ҳамааш хеле хуб пеш меравад. Ман ҷарроҳӣ кардам ва он хеле хуб гузашт. Метавон гуфт, ки ман қариб пурра сиҳат шудам.

Ман ҷароҳати хеле бад доштам, ҳоло бошад бозгашти ман ба майдон наздик шуда истодааст. Фикр мекунам, ки ин ба соли нав рост меояд. Ман хубам ва умедворам, ки ба зудӣ ба майдон бармегардам" иқтибос меорад, суханони ниммуҳофизатгари 32 солаи белгиягӣ   нашрияи Xtra.

Ёдовар мешавем, ки Де Брюйне дар бозии даври аввали чемпионати Англия бо тими «Бёрнли» ҷароҳат бардошта буд. Футболбоз ба ҷарроҳии пойҳояш розӣ шуд. Қаблан қайд карда шуда буд, ки барқароршавӣ тақрибан 4 моҳро мегирад, яъне ӯ метавонад дар соли 2023 дигар бозӣ намекунад.

Мо илова менамоем, ки «шаҳриҳо» бозии навбатии худро рӯзи сешанбе бо дастаи «Урава»- и Ҷопон мегузаронад. Ин бозӣ дар чаҳорчӯби даври нимниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бошгоҳҳо баргузор мешавад.

Мо қаблан хабар дода будем, ки Де Брюйне гуфтааст, ки мехоҳад беҳтарин бозигари ҷаҳон шавад.