Кейн дар 300-умин бозиаш дар ҳайати “Тоттенхэм” гол зад

Кейн дар 300-умин бозиаш дар ҳайати “Тоттенхэм” гол зад

Дар даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия  дастаи «Тоттенхэм» дар сафар бар «Фулхэм» ғалаба кард.

Ин бозӣ 300-ум  дар фаъолияти Кейн дар ҳайати дастаи  "Тоттенхэм" буд.  Пешвои даста дар ин вохӯрии ҷашнӣ тавонист, ки ягона голи ғалабаоварро ба самар расонад ва ғалабаи тимашро таъмин намояд.

Ҳоло дастаи  «Тоттенхэм» бо 36 имтиёзи  ба даст овардааш дар ҷадвали мусобиқа зинаи 5-умро касб мекунад. «Фулхэм» бо 31 имтиёз дар зинаи 7-ум мавқеъ гирифтааст.

Ҳамакнун дар даври баъдӣ «Тоттенхэм» дар мизбонӣ бо «Манчестер Сити» рӯзи 5-уми феврал ва «Фулхэм» дар сафар бо  «Челси» рӯзи 4-уми феврал дар сафар майдондорӣ мекунанд.

ПЛА, даври  21

«Фулхэм» – «Тоттенхэм» 0:1

Гол: Кейн, 45+1

«Фулхэм»: Лено, Тете (Соломон, 80), Рим, Диоп, Робинсон, Рид (Кэрни, 65), Перейра, Палйиня, Виллиан (Винисиус, 87), Декордова-Рид (Уилсон, 87), Митрович.

«Тоттенхэм»: Лйорис, Эмерсон, Дайер, Дэвис, Ромеро, Перишич, Хейбйерг, Бентанкур, Кулусевски (Биссума, 90+1), Сон Хин Мин (Ришарлисон, 76), Кейн.

Огоҳӣ гирифтанд: Палйиня – Сон Хин Мин, Ромеро, Бентанкур