Кейн дар мавсими 2023/24 барандаи “Кафши тиллоӣ” дар мусобиқаҳои аврупоӣ шуд

Кейн дар мавсими  2023/24 барандаи “Кафши тиллоӣ” дар мусобиқаҳои аврупоӣ шуд

Ҳамлагари англиси дастаи “Бавария” - Ҳарри Кейн беҳтарин нишонзани мавсими 2023/24 дар чемпионатҳои Аврупо шуда, барандаи “Кафши тиллоӣ” мегардад.

Дар чемпионати Олмон - Кейн 36 гол задааст. "Бавария" ҷои сеюмро гирифт ва дар Лигаи Чемпионҳо ба нимфинал баромад ва дар он аз "Реал Мадрид" шикаст хӯрд.

Дуюмин голзани мавсими аврупоӣ, ҳамлагари тими “Штутгарт”-и олмонӣ Серу Гирасси бо 28 гол буд. Ҷойи сеюмро ҳамлагари “ПСЖ” Килиан Мбаппе ва ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд бо 27 голӣ ишғол карданд. Артем Довбики украинӣ бо Лаутаро Мартинес аз "Интер" ва Лоис Опенда аз "Лейптсиг" ҷои панҷумро бо 24 голӣ тақсим карданд.

Ёдовар мешавем, ки Эрлинг Ҳоланд дар мавсими гузашта ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро ба даст овард. Рекорди аксари ҷоизаҳо ба Лионел Месси тааллуқ дорад, ки шаш маротиба онро ба даст овардааст.