Кейн ҷойгузини Левандовски дар “Барселона” мешавад!
Ҳамлагари лаҳистонӣ Роберт Левандовски эҳтимол дорад, ки тобистони оянда, ҳайати “Барселона”-ро тарк кунад. Ба иттилои нашрияи The Guardian, дар робита ба ин “Барселона” ҳамлагари англиси “Бавария”-и Мюнхен - Ҳарри Кейнро ҳамчун ҷойгузини Левандовски дар даста медонад.
Дастаи “Барселона” ҳамлагари англисро ҳамчун беҳтарин интихоб барои тақвият бахшидани хатти ҳамлаи худ арзёбӣ мекунад. Тибқи иттилои манбаъ, "Барселона" эҳтимолан омода аст, ки варианти хариди Кейнро бо маблағи 65 миллион евро дар тобистон фаъол кунад.
Ёдовар мешавем, ки Кейни 32-сола, дар мавсими 2025/2026 бозии хуб нишон дода истодааст. Кейн дар 17 бозии мавсим, ҳоло 23 гол ва 3 партофти головарро анҷом додааст. Шартномаи кунунии Ҳарри Кейн бо "Бавария" то соли 2027 эътибор дорад.