ХАБАРИ ФАВРӢ! ИМСОЛ БОЗИҲОИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДОИР НАМЕШАВАНД

ХАБАРИ ФАВРӢ! ИМСОЛ БОЗИҲОИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДОИР НАМЕШАВАНД

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-2023, ки баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида шаванд. Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2020 ягон бозии расмӣ доир намекунад. Ногуфта намонад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз рӯи нақша бозиҳои дӯстонаашро баргузор мекунад.