Хабари таъҷилӣ! Ла Лига 8-уми июн бармегардад

Хабари таъҷилӣ! Ла Лига 8-уми июн бармегардад

Сарвазири Испания Педро Санчес мегуяд, ки Чемпионати Испания байни дастаҳои Ла Лига, санаи 8-уми июн оғоз мешавад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Чемпионати Испания 12-уми июн оғоз мешавад. Вале бинобар беҳтар шудани вазъияти мардум дар ин кишвар ҳуҷумати мамлакат ба хулосае омад, ки ба чорабиниҳо иҷозат диҳад. Маврид ба ёдоварист, ки Ла Лига моҳи март бар асари хуруҷи Ковид-19 аз даври 27-ум ба мавқуф гузошта шуда буд.