Хаби Алонсо оиди бозӣ бо “Барселона” ибрози назар кард

Хаби Алонсо оиди бозӣ бо “Барселона” ибрози назар кард

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Хаби Алонсо ба андешае вокуниш нишон дод, ки гӯё дастаи ӯ дар бозии финалии Суперҷоми Испания бо “Барселона” фаворит маҳсуб намешавад. Ин дидор рӯзи якшанбеи 11-уми январ баргузор мегардад.

“Ин бозии вижа аст. Мо мехостем дар ин ҷо бошем. Ин финал аст ва барои пирӯзӣ бояд мубориза барем. Даста омода мебошад.

Ҳама чиз метавонад рух диҳад. Мо тамаркузро ба он равона кардаем, ки чӣ бояд анҷом диҳем ва чӣ гуна ба бозии фардо омодагӣ бинем”, — фишурдаи суханони Хаби Алонсоро нашрияи Mundo Deportivo иқтибос овардааст.

Бозии финалии Суперҷоми Испания миёни “Барселона” ва “Реал” дар варзишгоҳи “Кинг Абдулло Спортс Сити” дар шаҳри Ҷидда баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе дар назар аст. ТВ “Варзиш” мустақим финалро манзури бинандагон мегардонад.

“Барселона” қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад. Дар финали соли гузашта, каталониҳо бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили “Реал Мадрид” пирӯз шуда буданд. “Барселона” 15 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания шудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.