Хаби Алонсо сармураббии “Ливерпул” мешавад ва Зидан ба “Реал” меояд...

Хаби Алонсо сармураббии “Ливерпул” мешавад ва Зидан ба “Реал” меояд...

Мавқеи Хаби Алонсо дар “Реал Мадрид” ҳарчи бештар ноустувор мегардад ва тибқи овозаҳо, дар даста норозигии баъзе бозигарон меафзояд. Дар ин бора нашрияи indykaila New хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Алонсо омода аст, ки дар сурати муроҷиати клуб вазифаи сармураббии “Ливерпул”-ро қабул кунад. Директори генералии “Ливерпул” Майкл Эдвардс аз дер боз Алонсоро баланд арзёбӣ мекунад ва ӯро яке аз номзадҳои асосӣ барои иваз кардани Юрген Клопп баъди эълони тарки вазифааш меҳисобид. Аммо он вақт Алонсо пешниҳоди “Реал”-ро авлотар донист ва аз бозгашт ба “Энфилд” даст кашид.

Ҳоло Арне Слот то моҳи январ фурсат дорад, то натиҷаҳои ноумедкунандаи дастаашро ислоҳ кунад. Агар вазъ тағйир наёбад, истисно нест, ки Алонсо ниҳоят ба Премйер-Лига равад ва сармураббии тими “Ливерпул” гардад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар сурати рафтани Алонсо роҳбарияти “Реал” метавонад муваққатан Зинедин Зендинро ба роҳбарии даста баргардонад.

Ёдовар мешавем, дирӯз яке аз манбаъҳои бонуфузи ҷаҳон — The Athletic хабар дод, ки Винисиус бинобар ихтилоф бо Алонсо аз тамдиди шартнома бо “Реал” худдорӣ мекунад. Қаблан ВАО-и Испания навишта буд, ки муносибатҳои сармураббӣ бо бозигарони “Реал” чандон хуб нест. Футболбозон баъзе қарорҳои тактикии Хаби Алонсоро қабул намекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар се бозии охир “Реал Мадрид” ҳеҷ пирӯзӣ ба даст наовардааст.