Хачанов бар Алтмайер пирӯз шуда, ба даври дуюми Australian Open-2024 баромад

Хачанов бар Алтмайер пирӯз шуда, ба даври дуюми Australian Open-2024  баромад

Ракеткаи 15-уми ҷаҳон теннисбози рус Карен Хачанов дар даври аввали мусобиқоти Australian Open-2024 намояндаи Олмон Даниэл Алтмайерро шикаст дод.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 5:7, 6:3, 7:6 ( 7:5), 7:6 (7:3) ба фоидаи теннисбози рус анҷом ёфт. Давомнокии бозӣ 4 соату 5 дақиқа буд.

Рақиби Хачанов дар даври навбатии мусобиқоти кушоди Australian Open 2024 барандаи бархӯрди Алехандро Табило (Чили) ва Александр Ковачевич (ИМА) хоҳад шуд. Мусобиқа дар Австралия то 28-уми январ идома меёбад.