Хачанов дар даври дуюми мусобиқаи “Ролан Гаррос” аз ракеткаи 145-уми ҷаҳон ба таври ҳассос шикаст хӯрд

Барандаи медали нуқраи Олимпиадаи соли 2020, ракеткаи 18-уми ҷаҳон, теннисбози рус Карен Хачанов баромади худро дар мусобиқаи кушоди Фаронса анҷом дод.
Дар бозии даври дуюм теннисбози рус аз ракеткаи 145-уми ҷаҳон аз намояндаи Словакия - Йозеф Ковалик ба таври ҳассос шикаст хӯрд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:6, 4:6, 6:4, 6:3, 6:4 ба фоидаи теннисбози Словакия анҷом ёфт. Бозӣ 3 соату 31 дақиқа давом кард.
Дар даври навбатии мусобиқаи кушоди Фаронса Ковалик бо Ҳолгер Руне аз Дания бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи “Ролан Гаррос аз 26 –уми май то 9-уми июн идома мекунад. Новак Ҷокович қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад.