Хамес Родригес дучори мушкилии ҷиддӣ шуд

Хамес Родригес дучори мушкилии ҷиддӣ шуд

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии “Раел” футболбози ин даста - Хамес Родригес бар асари осеб бардоштаанш дар муҳлати номуайян аз майдон дур шуд. Пас аз натиҷаи ташхис маълум шуд, ки ниммуҳофизатгари колумбиягии “Реал” аз зонуяш осеби ҷиддӣ бардоштааст. Муҳлати барқароршавии саломатии Хамес хабар дода нашудааст. Аммо тибқи хабаргузории AS, Хамес муддати 1,5 моҳ ба дастаи хеш ёрӣ дода наметавонад. Ҳамин тавр Родригес дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Ла Лига байни дастаҳои “Барселона” ва “Реал”, ки санаи 18-уми декабр дар назар аст, иштирок намекунад.