Хаммо: “Мақсади асосии ман ба даст овардани нишони Чемпионати Ҷаҳон аст”

Хаммо: “Мақсади асосии ман ба даст овардани нишони Чемпионати Ҷаҳон аст”

Ғолиби дукаратаи қаҳрамонии ҷаҳон - Яков Хаммо дар бораи чемпионати ҷаҳонии соли 2022, ки аз 6-уми октябр дар Тошканд оғоз мешавад, ибрози ақида кард:

“Бо оғоз шудани Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо хурсанд шудам. Ман муддати тӯлони дар ин бора фикр мекардам, ки дар мусобиқаи бонуфуз ширкат мекарда бошам ё на? Ман омодаам ҳама қудрату тавонамро рӯи татамӣ нишон диҳам то ба чӣ кор қодир ҳастам!

Албатта ман ба мусобиқа хело хуб тайёрӣ дидам. Дар якчанд марҳилаҳо гузаштам то дарк кунам то чӣ андоза ба мусобиқа омода шудаам. Ҳоло худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ хело хуб ҳис мекунам.

Ман танҳо интизорӣ пирӯзӣ ҳастам. Албатта, ҳадафи асосии ман ба даст овардани нишонӣ Қаҳрамонии Ҷаҳон ҳастам. Ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам, то ба ин ноил шавам!”

Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Тошканд аз 6-ум то 13-уми октябр идома мекунад. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 563 ҷудокор (305 мард, 258 зан) аз 85 кишвар ширкат меварзанд.